БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОН ДАР МӮЪМИНОБОД

Апрель 21, 2009 13:19

                 Мӯъминобод, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Аз тарафи шӯъбаи маорифи ноҳияи Мӯъминобод моҳе 1 маротиба шӯрои директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида шуда истодааст. Мақсад аз баргузории ин шӯро риоя гардидани талаботи қонуни ҶТ «Дар бораи маориф», ҳолати сатҳу сифати дониши хонандагон, баррасӣ намудани қарорҳои мақомоти болоӣ, аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорон ва дигар масъалаҳои рушди соҳаи маориф ба шумор меравад.  Саъдулло Раҳимов мудири шӯъбаи маориф вобаста ба ин мавзӯъ гуфт: «Тӯли 3 моҳи соли ҷорӣ 3 маротиба шӯрои директорон доир гардид, ки дар он мактабҳое, ки аз аттестатсия нагузашта шаҳодатнома надоранд мавриди муҳокима қарор гирифтанд». Инчунин дар шӯро ба директорон супориш дода шуд, ки ҳарчи бештар байни мактабҳо озмунҳо дар мавзӯи «Имоми Аъзам» ва «Китоб манбаи дониш» гузаронида шуда, ҷалби хонандагонро ба онҳо зиёд намоянд. Ба гуфтаи ин манбаъ сатҳи дониши хонандагон дар мактабҳои ноҳия хуб буда, бештари хонандагон дар олимпиадаҳои даврӣ ширкат меварзанд.

Апрель 21, 2009 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад