БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТОЛИБИЛМОН ДАР ДУШАНБЕ

Апрель 28, 2009 09:41

                Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Конференсияи ҷумҳуриявии «Иштироки толибилмон дар идоракунии донишгоҳ» имрӯз, 28 апрел дар Душанбе баргузор мегардад. Чорабинии мазкур бо ташаббус ва сарпарастии Вазорати маорифи ҶТ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ»-и Институти «Ҷомеаи Кушода» -и Тоҷикистон барпо мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Институти «Ҷомеаи Кушода» — Тоҷикистон хабар доданд.                 Конференсияи «Иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ» ба толибилмони мактабҳои олии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки малакаи худро дар кори илмию тадқиқотӣ дар соҳаи идоракунии соҳаи маориф инкишоф диҳанд.                  Дар конференсия 20 маърўзаи донишҷўён аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе, ки дар озмуни моҳи марти соли 2009 гузарондаи Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ»-и Институти «Ҷомеаи Кушода» -и Тоҷикистон ғолиб омадаанд, шунида мешаванд.                  Ҳайати ҳакамони мустақил, ки аз намояндагони макотиби олӣ иборат мебошад, маърўзаҳои муҳаққиқони ҷавонро арзёбӣ намуда, 3 маърўзаи беҳтаринро бо мукофотҳои махсус — компютер сарфароз мегардонанд.

Апрель 28, 2009 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид