БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРИИ МУАССИСАИ РУШДИ СММ ВА ҶОМЕАИ ИҚТИСОДИИ
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Муншии умумии Ҷомеаи иқтисодии Евразия Т.Мансуров 23 апрел дар Маскав бо мудири намояндагии Муассисаи рушди СММ дар Тоҷикистон Р.Врбенский мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳимтарини ба роҳ андохтани ҳамкории Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва Муассисаи рушди СММ муҳокима карда шуданд. Мусоҳибон аз густариши ҳамарӯзаи ҳамкории ҳар ду созмони минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодию экологӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки ҳар ду созмон ба ҳалли проблемаҳои истифодаи оқилонаю самарабахши захираҳои обу энергетика дар Осиёи Марказӣ мароқ зоҳир менамоянд. Т.Мансуров ба ҳамсӯҳбаташ дар бораи барномаи истифодаи самарабахши захираҳои оби минтақа дар доираи ҷомеа, аз ҷумла, ҷалб намудани коршиносони мустақили байналхалқӣ ба ҳалли ин масъала маълумот дод. Бояд гуфт, ки Муассисаи рушди СММ ва котиботи кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия моҳи июни соли 2006 меморандуми ҳусни тафоҳум имзо карда буданд. Мувофиқи ин ҳуҷҷат, ҳар ду созмон дар соҳаҳои иқтисодиёт, экология, масъалаҳои гумрук, сиёсати идораи сарҳадҳо, нақлиёт, энергетика ва гуманитарӣ ҳамкорӣ мекунанд. Муассисаи рушди СММ дар Тоҷикистон аз соли 1994 инҷониб фаъолият дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






