БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ БЕҲТАР СОХТАНИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ НИЗОМӢ ДАР МАСКАВ

Апрель 23, 2009 16:04

                 Маскав, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар Маскав маҷлиси коршиносони вазоратҳои мудофиаи мамлакатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Иштирокчиёни маҷлис самтҳои афзалиятноки ҳамкориро дар соҳаи беҳтар сохтани тарбияи кадрҳои низомӣ барои давлатҳои аъзои созмон дар мактабҳои олии низомии Русия муҳокима мекунанд. Инчунин, талаботи умумии тахассусӣ ба таълими ихтисосии донишҷӯёни мактабҳои олии ҳарбии мамлакатҳои аъзои созмон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.                Намояндагони Белорусия ва Қазоқистон дар бораи таҷрибаи ташкили машғулиятҳои муштараки хизматчиёни ҳарбии давлатҳои аъзои созмон дар мактабҳои низомии мамлакатҳояшон маълумот медиҳанд. Маҷлиси мазкур мувофиқи нақшаи машваратҳои намояндагони давлатҳои аъзои созмон баргузор мегардад.                                                                  Тарҷумон — Қудратов А.

Апрель 23, 2009 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид