БЕМОРХОНА БА СЕРТИФИКАТ САРФАРОЗ ГАШТ
Кӯлоб, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Беморхонаи касалиҳои дили шаҳри Кӯлоб иҷроиши барномаи миллӣ барои ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар давраи солҳои 2007-2015-ро амалӣ намуда хизматрасонии тиббиро ба беморон беҳтар сохт. Сардухтури беморхона Равшан Пулодов вобаста ба ин мавзӯъ гуфт: «Мақсади барнома паст намудани суръати афзоиши беморӣ, фавт ва маъюбшавӣ аз бемории ишемиявии дил, беҳтар ва хубтар хизматрасонӣ дар зинаи кӯмаки санитарӣ, тайёр кардани мутахассисон, таъминоти доруворӣ ва таҷҳизонидани маводҳои лозима»- мебошад. Ба гуфтаи ин манбаъ шӯъбаҳои бемориҳои дил дар ноҳияҳои дурдасти минтақаи Кӯлоб кушода хоҳад шуд ва мутахассисони варзида дар соҳаи дилшиносӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Пӯлодов афзуд, ки асоси пайдоиши ин касал аз риоя накардани реҷаи хурокхӯрӣ, тамокукашӣ, майнӯшӣ, фарбеҳӣ буда, дар ин самт бештар ба варзиш бояд шуғл баст. Гуфта мешавад беморхонаи мазкур дар ҷамъбасти соли 2008 аз тарафи Вазорати Тандурустии ҶТ бо сертификати «беҳтарини соли 2008» сарфароз гардид.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






