БМИМТ БАРНОМАИ БОНКИ РУШДИ ОЛМОНРО АМАЛӢ МЕСОЗАД
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон Бунёди Миллии Иҷтимоии Маблағгузории Тоҷикистон барномаи Бонки рушди Олмон «Фондҳо барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва инфраструктураи ҷамоавӣ»-ро татбиқ менамояд. Дар доираи ин барнома 30 лоиҳаи хурд дар 14 ноҳияи қисмати ғарбии вилояти Хатлон, алалхусус, ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Бохтар, Ҷиликул, Қубодиён, Хуросон, Ҷ.Румӣ, Қумсангир, Носири Хусрав, Панҷ, Шаҳритус, Вахш, Ёвон ва шаҳрҳои Нораку Сарбанд иҷро карда мешавад. Дар БМИМТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мақсади ин барнома дастрас намудани табақаҳои камбизоати аҳолӣ ба инфраструктураи иҷтимоии босифат, ба хусус, иншоотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, инчунин соҳаи хизматрасонии коммуналӣ ва ғайра мебошад. Барои ба ин мақсад расидан 50%-и маблағҳо ба соҳаи маориф равона карда шудааст. Буҷаи умумии барнома 6,72 млн. евроро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 5,4 млн. евро саҳми ҷониби Олмон буда, 1,02 млн. евро саҳми Ҳукумати Тоҷикистон ва 0,3 млн. евро саҳми худи аҳолӣ мебошад. Мӯҳлати иҷроиши барномаи мазкур 36 моҳ аст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






