БОЙГОНӢ 78 СОЛА ШУД
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — 3 апрел аз таъсисёбии бойгонии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 78 — сол пур шуд. Тавре дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мавлонҷон Дадабоев гуфт, алҳол дар бойгонии вилояти Суғд 340 ҳазор парванда аз солҳои 1914-и асри 20 то имрӯз ҳифз карда мешавад. М. Дадабоев мегӯяд, ки бойгонии вилояти Суғд соли 1925 таъсис дода шуда, бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент ва Конибодом фаъолият менамоянд. Бойгонии вилояти Суғд соли 2007 соҳиби бинои нав гардид, ки он аз 40 утоқи корӣ ду маҳфузгоҳи калон барои ғунҷоиши 250 ҳазор ҳуҷҷат иборат аст. Инчунин, бинои нав дорои шароити мусоид ва таҷҳизоти замонавӣ барои ҳифз ва нигоҳдошти санадҳои таърихӣ мебошад. Дар бойгонии вилояти Суғд 40 корманд фаъолият дорад. Ба фаъолияти электронӣ гузаштани бойгонӣ ва пайваст ба шабакаи байналмиллалии Интернет аз дурнамои фаъолияти идора ба шумор меравад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






