БОЗДИДИ О. ОҚИЛОВ АЗ МАҲАЛЛИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ХУРОСОН
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурўҳи кории ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов аз маҳалли офати табиии дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, боздид ба амал овард. Зимни боздид муаяйн шуд, ки бар асари офати табиӣ зиёда аз 70 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 22 хона ба пуррагӣ ва боқимонда қисман зарар дидаанд. Ёдовар мешавем, ки бар асари боришоти зиёди шаби 21-ум ба 22-юми апрели соли равон лағжиши хоку лой аз мавзеи баланди наздикии деҳа ба вуқўъ пайваста, ба хоҷагии халқи сокинони деҳаи 18-уми партсъезди боло ва поён хисорот расонид. Гурўҳи корӣ дар маҳалли ҳодиса нахуст бо зарардидагон сўҳбатҳо ороста, аз вазъи зиндагии муваққатии онҳо дар хаймаҳо ва таъминоти аҳолӣ бо маводи аввалияи рўзгор ошноӣ пайдо намуданд. Сипас, бо иштироки Сарвазири мамлакат дар ҷойи ҳодиса ситоди корӣ доир гардид. Оқил Оқилов бобати рафъи бетаъхири оқибатҳои офати табиӣ ба масъулини мақомоти маҳаллӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо дода, онҳоро ҷиҳати иҷрои босифати корҳои барқарорсозӣ муваззаф намуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






