БОЗДИДИ САФИРИ АМРИКО АЗ НОҲИЯҲОИ ПАНҶУ ҚУМСАНГИР

Апрель 17, 2009 11:25

                 Қӯрғонтеппа, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Сафири кабири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон дирӯз барои боздиди корӣ ба ноҳияҳои Панҷ ва Қмсангир рафт. Вай дар ноҳияи Панҷ бо фаъолияти шифохонаи маркази ноҳия шинос гардида, бо гурӯҳи духтурони Тоҷикистону амрикоӣ ҳамсӯҳбат шуд. Духтурони ҳар ду мамлакат дар ин ҷо бештар аз 300 нафар беморонро табобат мекунанд.                  Дар хабари барои матбуот дарҷнамудаи сафорати ИМА гуфта мешавад, ки Тоҷикистону ИМА барномаи тиббии тадбирҳои шаҳрвандиро амалӣ месозанд. Ҳадафи он беҳтар сохтани ҷараёни табобат ва амалӣ сохтани тадбирҳои пешгирии бемориҳо дар Тоҷикистон мебошад. Департаменти давлатӣ ва вазорати мудофиаи ИМА барои иҷрои барномаи мазкур, аз ҷумла, хариди дору ва асбобу анҷоми тиббӣ 50 ҳазор доллар ҷудо карданд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сафири ИМА дар Тоҷикистон дар ноҳияи Қумсангир бо ҷараёни тармими шифохонаи кӯмаки таъҷилии тиббӣ шинос шуд. Барои тармими шифохонаи мазкур 16 ҳазор доллар ҷудо карда шудааст.  

Апрель 17, 2009 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд