БОЗОРҲОИ ВОСЕЪ БАСТА ШУДАНД
Кӯлоб, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев зимни як ҷаласа гуфт, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолияти ду бозорро муваққатан манъ намудааст. С. Валиев мегӯяд, ки аз сабаби ба талаботи санитарӣ-гигиенӣ ҷавобгӯ набудан бозорҳои деҳаи Гулистон ва деҳаи Қурбоншаҳид баста шуданд. Инчунин, ба роҳбарони бозорҳо супориш дода шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ кунанд. Дар ин сурат ба онҳо иҷозати дубора фаъолият намудан дода мешавад — иброз дошт раиси ноҳия. Бояд гуфт, ки чунин камбудиҳо дар бозори марказии ноҳия низ мушоҳида мешавад, ки ба гуфтаи Раис онҳо алакай ислоҳ шудаанд. Таҳрири Жасмин Назарова








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






