БУНЁДИ БОҒҲО ДАР СОЛИ ҶОРӢ ЗИЁД ГАРДИД
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи барномаи бунёди боғҳо, дар соли ҷорӣ 1465 гектар боғҳо 498 гектар токзорҳои нав бунёд гардида, 558 гектар боғҳо ва 287 гектар токзорҳои кӯҳна барқарор карда мешаванд. То 1-уми апрели соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 556 гектар боғҳои нав ва 214 гектар токзорҳо бунёд карда шуда, 89 гектар боғҳои кӯҳна ва 56 гектар токзорҳои кӯҳна барқарор карда шуданд. Дар вилояти Суғд бошад дар ин муддат 542 гектар боғҳои нав 208 гектар токзорҳо бунёд ва 250 гектар боғҳои кӯҳна аз нав таҷдид гардиданд. Бунёди боғҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 327 гектарро ташкил дод.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






