БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ НАВ

Апрель 8, 2009 14:53

              Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Мувофиқи барномаи ҳукуматии коркарди пурраи маҳсулоти чорво, аз ҷумла, пӯст ва пашми он то соли 2015 дар заминаи Ҷамъияти саҳомии «Интерфёр» ду корхонаи нав бунёд карда мешавад. Яке аз онҳо Ҷамъияти саҳҳомии «Такомул» ва корхонаи дигар «Помирчарм» мебошанд. Дар ин корхонаҳо аз пӯсту пашми чорво маҳсулоти нимтайёр истеҳсол карда мешавад.               Ҳар ду корхона айни ҳол бо таҷҳизоти навтарин таъмин карда шудаанд.  Мутахассисони ҳинд ба коргарони тоҷик тарзу усулҳои истифодаи техника ва технологияи навро меомӯзанд. Корхонаҳои мазкур нимаи дуюми моҳи апрел ба кор шурӯъ мекунанд. 

Апрель 8, 2009 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад