БУНЁДИ ЗАБОН БА ҶАШНИ 20-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНУНИ ЗАБОН ОМОДАГӢ МЕГИРАД

Апрель 3, 2009 16:06

              Душанбе, 3 апрел.(НИАТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба истиқболи 20-солагии ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди қабули қонуни забони тоҷикӣ Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ (форсӣ) силсилаи чорабиниҳоро таҳррезӣ кард.              Назар ба иттилои раиси Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ Усмон Назир, дар робита ба ин ҷашнҳои бузург дар пойтахт бо иштироки шахсиятҳои шинохтаи кишвар як катор чорабиниҳои фарҳангӣ, бахусус конфронсу нишастҳо роҷеъ ба рушду арҷгузории забону фарҳанги миллӣ гузаронида мешавад.              Бояд тазаккур дод, ки Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ (форсӣ) ташкилоти ҷамъиятӣ -фарҳангӣ буда, 20-сол муқаддам бо кӯшишҳои зиёиёни равшанфикри кишвар бо мақсади ҳифз ва густариши забони миллии тоҷикон таъсис дода шудааст.

Апрель 3, 2009 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид