БУЗУРГДОШТИ МЕРОС ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ МУОСИР
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 апрел дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар мавзӯи «Бузургдошти мерос ва рушди фарҳанги муосир» конференсияи илмӣ -назариявӣ доир мегардад. Дар он ректори Донишкадаи санъат, муаллимон, профессорон ва донишҷӯён дар бораи шахсият ва мақоми иҷтимоӣ, бунёди фарҳангшиносии мероси Имоми Аъзам маърӯза хоҳанд кард. Ҳамчунин, дар бахшҳои дигари конфронс мавзӯҳои бахшида ба соҳаҳои театршиносӣ, сарояндагии донишҷӯён, тасвири образ бо сухан, мусиқӣ ва вазъи маданияти сиёсии мардуми ҷумҳурӣ дар замони ҳозира, сиёсат ва муносибатҳои демографӣ дар Тоҷикистон, рушди иқтисодии Тоҷикистон ва ғайраҳо муҳокима мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарханг хабар доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






