ЧАҲОР ДАРВОЗАИ ХОРУҒ
Бадахшон, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Шаҳри Хоруғ пайваста ободу зебо мешавад. Солҳои охир дар ин ҷо биноҳои баландошёна қомат афрохтаанд. Роҳҳои дохили шаҳр хеле васеъ карда шуданд. Тавре аз мақомоти маҳаллии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд, тибқи Қарори раиси шаҳр дар даромадгоҳи самти Душанбе дарвозаи замонавӣ гузошта мешавад, ки васегии он беш аз 12 метр мебошад. Имрӯзҳо масъалаи интихоби усто мавриди баррасӣ қарор дорад, зеро дар он бояд анъаноти миллии дарвозасозии шаҳр комилан инъикос ёбад. Қарор дода шудааст, ки тарҳи якчанд дарвоза рӯи кор оянд ва аз байни онҳо беҳтаринаш интихоб шавад. Аз самти шоҳроҳи Хоруғ-Ӯш низ чунин дарвоза гузошта мешавад. Маркази вилоят бо шоҳроҳи Душанбе- Хоруғ, Хоруғ-Ӯш, Хоруғ- Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим пайваст аст. Шоҳроҳи Ишкошим Хоруғро бо Афғонистону Покистон ва шоҳроҳи Роштқалъа бо Чину Покистон мепайвандад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






