ЧАРО «ГАНҶИНА» ҶОЙИ ГАНҶ НЕСТ?
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои ҳуқуқшиноси бозори «Ганҷина» Ҳайдулло Абдуллоев, «Ганҷина» дар масоҳати 3 гектар бунёд ёфт ва барои 4500 фурӯшанда ҷои корӣ омода карда шуд. Айни замон дар ин бозори ба таври аврупоӣ сохташуда, ҳамагӣ 1500 нафар фурӯшанда ба ҷои кори доимӣ таъмин аст. -Мутаассифона, -мегӯяд Ҳ. Абдуллоев, имрӯз 3500 нуқта ҷои савдо холӣ аст. Секторҳои 2, 7,10, 11,13 қисман холианд, секторҳои 3-юму 10-ум пурра холианд, чаро? Чун ба ҳоли савдогарон ошно шавед, манзараи дигар ба чашматон аён мегардад. Яке барои 72 метри квадратӣ дар як моҳ 1000 доллар ва дигаре барои 28 метри квадратӣ 400 доллар иҷорапулӣ месупоранд.Бар хилофи гуфтаҳои иҷоракорон ба гуфти Ҳ. Абдуллоев аз савдогарон барои 1 метр ҷой 1 сомонӣ «чекпулӣ» гирифта мешавад. Маълум мегардад, ки сабаби холӣ будани нуқтаҳои савдоӣ дар бозори «Ганҷина» баланд будани иҷорапулӣ аст, ки онро «чекпулӣ» мехонанду иҷорапулӣ мегиранд. Пас «Ганҷина» аз куҷо пурганҷ шавад?








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






