Д. ДАВЛАТЗОДА: «ФАРМОН САРИВАҚТӢ ВА БА МАНФИАТ АСТ»

Апрель 27, 2009 10:39

                 Душанбе, 27 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» қадами муҳим дар роҳи сарфа намудани нерӯи барқ ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар аст», гуфт муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзода дар маҷлиси машваратии ҷумҳуриявии ҲХДТ.                   Давлаталӣ Давлатзода таблиғу ташвиқи истифодаи сарфаҷӯёнаи нерӯи барқро дар байни аҳолӣ ва истифодаи фурӯзонакҳои каммасрафро рисолати ҲХДТ дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии моливӣ арзёбӣ кард. Ба андешаи Д. Давлатзода то моҳи октябри соли 2009 таъмини 241 ҳазор оилаҳои камбизоати ҷумҳурӣ бо фурӯзонакҳои каммасраф аз ҷониби мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва вазоратҳои марбутаи кишвар мисоли барҷастаи сиёсати пешгирифтаи иҷтимоии Ҳукумати мамлакат, ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ мебошад.

Апрель 27, 2009 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид