ДАР ҚӮРҒОНТЕППА АВВАЛИН МАТБААИ ХУСУСӢ КУШОДА ШУД
Қӯрғонтеппа,22 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Дар шаҳри Қӯрғонтеппа матбааи нав кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи корхонаи навбунёд раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов ширкат варзид. Раиси вилоят қайд кард, ки ин аввалин матбааи хусусӣ дар вилояти Хатлон аст. «Бо кушода шудани матбааи нав нашрияҳои вилоятиву ноҳиявӣ имконияти дар ҳамин ҷо чоп кардани рӯзномаҳоро пайдо мекунанд»-қайд кард раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов. Дар навбати худ роҳбарияти матбааи навтаъсис ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки алҳол корхона имконияти хуби техникӣ дошта дорои таҷҳизоти замонавӣ мебошад. Имрӯз корхона имконият дорад, ки ба ғайр аз чопи рӯзномаҳо ҳамзамон дигар корҳои чопиро иҷро намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






