ДАР ҶАНУБИ АФҒОНИСТОН ГУРӮҲИ СИЛОҲБАДАСТОН НОБУД КАРДА ШУДАНД
Кобул, 6 апрел. (АМИТ «Ховар» — «Свобода» ). — Қисмҳои ҳарбии хориҷӣ ҳамроҳи хизматчиёни ҳарбии артиши Афғонистон рӯзҳои истироҳати гузашта дар ҷануби мамлакат дар натиҷаи як амалиёти мусаллаҳона гурӯҳи калони силоҳбадастонро нобуд карданд. Амалиёт дар вилояти Ҳилманд анҷом дода шуд. Силоҳбадастон, аз ҷумла, қумондони онҳо дар пойгоҳи низомии худ ҳадафи оташ қарор гирифтанд. Як силоҳбасти дигар зимни ҳуҷуми гурӯҳи ҷангиён ба дастаи посбонони қувваҳои низомии хориҷӣ кушта шуд. Намояндаи ҳайати қумондонии ҷузъу томҳои низомии Амрико хабар дод, ки дар давоми чанд шабонарӯзи охир танҳо дар вилояти Ҳилманд дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона бештар аз 50 силоҳбадаст нобуд гардид. Тавре ки маълум аст, вилояти Ҳилманд дар бобати истеҳсоли маводи нашъадор дар байни вилоятҳои дигари Афғонистон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Инчунин дар ин ҷо теъдоди зиёди дастаҳои мусаллаҳи ҷангиён амал мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






