ДАР ДУШАНБЕ КӮДАКИ НАВЗОДРО ПАРТОФТАНД
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 7 апрел ба ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур шарҳванди пойтахт Саидмурод Маликов кӯдаки навзодро овард, ки дар назди хонаи №40-и маҳаллаи Мирзобек партофта шуда буд. Навзоди ёфтгардида ба таваллудхонаи №2 шаҳри Душанбе фиристонида шуд. Вазни кӯдак- 2 кг 900 гр буда, қадаш- 49 см аст. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ВКД ҷумҳурӣ хабар доданд, барои пайдо намудани модари кӯдак чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ андешида шуда истодааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






