ДАР ДУШАНБЕ МАДРАСАИ ОМӮЗИШИ ҚУРЪОНИ КАРИМ ТАШКИЛ МЕШАВАД

Апрель 6, 2009 15:53

                   Душанбе, 6 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар бахши дин ва илмҳои исломшиносӣ байни Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти Раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Амонулло Неъматзода ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст баррасӣ гардиданд.                  Назар ба иттилои котиби Раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Хуршед Неъматзода, дар мулоқот мусоҳибон масъалаҳои баргузории нишасту конфронсҳои фарҳангӣ — мазҳабӣ, чопи адабиёти гуногун дар доираи бузургдошти Соли Имоми Аъзам, табодули таҷриба доир ба гузаронидани озмунҳои «Қироати Қуръони маҷид» ва дигар масъалаҳои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд, хусусан таъсиси мадрасаи омӯзиши Қуръони маҷидро дар назди Маркази Исломии Тоҷикистон муҳокима карда, пешниҳодҳои самарабахш баён доштанд.

Апрель 6, 2009 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид