ДАР ДУШАНБЕ МАСЪАЛАИ ЗУКОМИ ПАРРАНДАРО БАРРАСӢ КАРДАНД

Апрель 27, 2009 14:46

                   Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар Маркази ҷумҳуриявии дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишаст масъалаҳои амалӣ гардидани лоиҳаи «Назорати бемории зукоми парранда дар ҶТ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.                    Раиси Маркази ҷумҳуриявии дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Остонаев кайд кард, ки лоиҳаи «Назорати бемории зукоми парранда дар ҶТ» аз 1 сентябри соли 2006 оғоз ёфта, маблағи умумии лоиҳа аз 6,5 миллион доллари ИМА иборат буда, қисми асосии маблағгузориаш аз ҷониби гранти Ассосиатсияи Байналмиллалии Рушд иборат мебошад. Аз оғози татбиқи лоиҳа 3, 448 ҳазор 397 миллион доллари ИМА ва дар семоҳаи авали соли ҷорӣ бошад 678 ҳазору 599 доллар аз худ карда шуд, ки 53 фоизи нақша баробар аст.                    Дар давраи раванди татбиқи лоиҳа аз ҷониби Хазинаи кӯдакони СММ, дар дараҷаҳои умумиҷумҳуриявию маҳаллӣ бо иштироки васеъи роҳбарону мутахассисони Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ дар бахшҳои маориф ва тандурустӣ дар масоили бӯҳронии бемории зукоми парранда, инчунин курси омӯзиши барои рӯзноманигорон ва кормандони ВАО гузаронида шуд.                    Мақсади лоиҳа ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳои давлатӣ, ташкилоту идораҳои дохилию хориҷӣ ҷиҳати паст намудану нобуд сохтани таҳдиди бемории зукоми парранда дар байни аҳолӣ ва корхонаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ, инчунин омодагӣ, назорат аз пешгирию паҳншавии беморӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар байни аҳолии кишвар мебошад.

Апрель 27, 2009 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид