ДАР ХАТЛОН ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ТАЙЁР КАРДА МЕШАВАД

Апрель 23, 2009 15:42

                Қурғантеппа, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Роҳбарияти вилояти Хатлон ба ҳалли проблемаи муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ диққати калон медиҳад. Раиси вилоят, Ғайбулло Авзалов қайд кард, ки аз аввали сол дар вилояти Хатлон беш аз 104 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа беш аз 5,8 ҳазор одам соҳиби ҷойи кор шуданд. Умуман аз рӯи фонди эҳтиётӣ дар вилояти Хатлон 18 ҳазор ҷойи кори холӣ ташкил карда шуд.                Раиси вилоят қайд намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳо бояд курсҳои ихтисосӣ кушода шаванд, то ки хоҳишмандон тавонанд соҳиби касбу ихтисосҳои зарурӣ шаванд. Тибқи нақша то охири сол дар вилояти Хатлон 70 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешаванд.                                                                Тарҷумаи Зебо Иноятова  

Апрель 23, 2009 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид