ДАР ХОРУҒ ҲАЙКАЛИ ШИРИНШО ШОТЕМУР ГУЗОШТА МЕШАВАД
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Мудири шӯъбаи муҳофизат ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги чумҳурӣ Музаффар Азизов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба муносибати 110 — солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур моҳи июни соли равон дар боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Хоруғ хайкали ёдгории ӯ гузошта хоҳад шуд. Баландии ҳайкал 4 метр мебошад. Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои сохтмони он зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Шириншо Шотемур соли 1899 таваллуд шуда, яке аз арбобони машҳури ҳизбӣ ва давлатии шӯравӣ ба шумор меравад. Вай яке аз ташкилкунандагони асосии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мебошад. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ш.Шотемур баъди вафоташ ордени «Дӯстӣ» ва унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Ш.Шотемур соли 1937 бо тӯҳмати беасос ҳамчун иштирокчии амалиёти миллатгароёни зиддишӯравӣ ба ҳабс гирифта шуд. Ҳайати мушовараи ҳарбии Суди олии ИҶШС ӯро 21 октябри соли 1937 ба қатл маҳкум намуд. Ш.Шотемур 27 октябри ҳамон сол ба қатл расонда шуд. Ӯро ҳайати мушовараи ҳарбии Суди олии ИҶШС соли 1956 сафед намуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






