ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ МАРКАЗИ ТАҲЛИЛӢ КУШОДА ШУД
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ маркази нави таҳлилӣ кушода шуд. Маркази нав бо ташаббус ва маблағи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Арзиши ташкил, таъминоти техника ва таҷҳизоти он бештар аз 710 ҳазор доллари ИМА мебошад. Марказ чор озмоишгоҳи компютерӣ, ҳуҷраи махсуси таҳлили маълумот ва синфхонаи таълимӣ барои донишҷӯёни академияи кумита дорад. Толори маҷлисҳои он барои гузаронидани семинарҳо ва конфронсҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд. Маркази мазкур натиҷаи ҳамкории дуҷонибаи Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва ИМА мебошад, ки ҳадафи он тезонидан ва беҳтар сохтани ҷараёни ҷамъоварии маълумот ва таҳлили он, инчунин, мусоидат ба такмили маҳорати кормандони Кумита аст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маросими кушодашавии марказ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон ширкат варзиданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






