ДАР МАКТАБҲОИ ТОҶИКИСТОН ҲУҚУҚИ ГУМАНИТАРӢ ОМӮХТА МЕША
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Намояндагони Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ дирӯз дар шаҳри Душанбе дар бораи омӯхтани ҳуқуқи байналхалқии гуманитарӣ дар мактабҳои мамлакат қарордод имзо карданд. Қарордод ҳамкории вазорату идораҳои дахлдорро дар бобати омӯхтани арзишҳои инсонӣ ва асосҳои ҳуқуқи байналхалқии гуманитарӣ зимни таълими фанҳои «Ҳуқуқи инсон» ва «Тайёрии ибтидоии ҳарбӣ» ба низом медарорад. Мувофиқи ҳуҷҷати имзошуда, ҳуқуқи байналхалқии гуманитарӣ инчунин дар мактабҳои олии мамлакат омӯхта мешавад. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ҷумҳурӣ ба Вазорати маориф дар бобати беҳтар сохтани таълими ин фан дар мактабҳо бо роҳи гузаронидани семинару конфронсҳо ва озмунҳо кӯмак мерасонанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






