ДАР МАМЛАКАТҲОИ АМРИКО БЕМОРИИ ЗУКОМИ ХУК ПАҲН МЕШАВАД
Мехико, 28 апрел. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Аз рӯи хабарҳои расида, дар Мексика аз бемории зукоми хук 149 нафар вафот кард ва 1995 нафари дигар дар беморхонаҳо ҷой дода шуд. Бо қарори ҳукумат тамоми мактабҳои мамлакат то 6 май баста шуданд. Хабар дода мешавад, ки бемории зукоми хук дар Мексика пайдо шуда, айни ҳол дар чанд мамлакати дигар паҳн мешавад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ паҳн гардидани бемории мазкурро дар мамлакатҳои Амрикои Шимолӣ хавфи ҷиддӣ ба саломатии мардуми тамоми ҷаҳон номид. Қайд карда мешавад, ки айни ҳол нишонаҳои кам гардидани миқдори беморон мушоҳида намешавад. Коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳор намуданд, ки микроби бемории зукоми хук аз одам ба одам сироят карда метавонад. Аз рӯи хабарҳои расида дар Ню — Йорк 20 шахси гирифтори бемории мазкур ба қайд гирифта шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






