ДАР НАЗДИ КУМИТАИ КОР БО ЗАНОН МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ «ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ» ТАЪСИС ЁФТ

Апрель 11, 2009 10:38

                Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Кумитаи кор бо занон Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» таъсис ёфт, ки ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои истиқомат, касбомӯзии иловагӣ барои ятимдухтарон ва омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона мебошад, қайд кард дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ.                Ӯ афзуд, ки дар соли таҳсили 2008-2009 аз шумораи умумии 1007 нафар, ки тибқи квотаи Президентӣ ба макотиби олии ҷумҳурӣ дохил гардиданд, 550 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.                Кумита дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи «Ваколати занон ва коҳиши зуроварии гендерӣ»-ро барои 28 нафар фаъолзанони касбу кори гуногун аз минтақаҳои кӯҳистони дурдасти кишвар амалӣ менамояд.                Кумитаи кор бо занон ва оила оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни занон, мудирони бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 25 шаҳру ноҳия дар ҳамдастӣ бо ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои дахлдор, инчунин дар 65 ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак, 94 муассисаҳои таълимӣ, 84 маҳаллаҳо вохӯрию сӯҳбатҳо баргузор намуд.

Апрель 11, 2009 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид