ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БА ПАРЛУМОН МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ЗИКР МЕЁБАНД
Душанбе, 6 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳон ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва роҳҳои паст кардани он яке аз масъалаҳоест, ки дар Паёми навбатии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр хоҳад шуд», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардори раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Фирӯз Саидов. Мавсуф афзуяд, ки тибқи таҳлилҳои мо масъалаҳои ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ дар шароити бӯҳрони молиявӣ, самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзӣ ва рушди сектори аграрии кишвар, ҳимои бозори дохилии ҷумҳурӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва сохтмони иншооти муҳими аср, аз ҷумла, нерӯгоҳҳои барқи обӣ аз мавзӯъҳои муҳимест, ки дар Паёми Президенти мамлакат бояд баён гарданд. Мавриди зикр аст, ки 15 апрели соли равон Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паёми навбатӣ баромад менамояд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






