ДАР РӮЗИ ПОЙТАХТ ҲАМА БА МАРАФОНИ ДАВ

Апрель 8, 2009 13:44

              Душанбе, 8 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-18 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Душанбе нахустин марафони кушоди дав баргузор мегардад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулллоев қарор ба имзо расонд.              Назар ба иттилои котиби матбуоти Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, ин чорабинии варзишӣ аз соати 8 субҳ то 11 аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ оғоз гардида, дар пости БДА «Чорбоғ» -и ноҳияи Варзоб ба анҷом мерасад.              Барои иштирок дар ин чорбинии варзишӣ намояндагони тамоми вазорату идораҳо, муассисаҳо, мактабҳои олии дар қаламрави пойтахтбуда даъват шудаанд. Инчунин, барои намояндагони минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ҷой ҷудо карда шудааст. Аз ҷумла, барои варзишгарони вилоятҳои Хатлону Суғд 10-ҷоӣ, барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5 ҷой ва барои ноҳияҳои тобеи марказ 40 ҷой ҷудо карда шудааст.                Барои ҷалб ва ҳавасманд гардонидани варзишгарон, таъмини онҳо бо хӯрока, хизматрасонии тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳр 24 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.               Ғолиби зинаи аввали марафони давро 5 ҳазор сомонӣ ва варзишгароне, ки ҷойҳои дуюм ва сеюмро фатҳ менамоянд 4 ва 3 ҳазор сомонӣ интизор аст.               Ҳадаф аз гузаронидани ин чорабинии варзишӣ тарғибу ташвиқи ҳаракати байналмилалии олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа мебошад.  

Апрель 8, 2009 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид