ДАР РӮЗИ ПОЙТАХТ 30 000 МЕТРИ МУРАББАЪ МАНЗИЛ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Душанбе, 18 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-18 апрел дар Рӯзи пойтахт дар Душанбе 8 иншооти ҷашнӣ ва наздики 30 ҳазор метри мураббаъ манзил супорида шуд. Назар ба иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар кӯчаҳои Валаматзода ва Ҳофизи Шерозии пойтахт 6 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода, шуданд, ки шаҳодати раванди бунёдкорию созандагӣ дар пойтахт аст. Инчунин, як қатор Марказҳои савдо, таваққуфгоҳҳо, марказҳои техникӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, дар Рӯзи пойтахт бо мусоид омадани боду ҳаво сокинон ва кормандони идораю муассисаҳои гуногуни пойтахт ба ҳашари умумишаҳрӣ баромада, дар тозаю обод гардонидани маҳали зист, коргоҳ, кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ва соҳилҳои дарёи Душанбе саҳми муносиб гузоштанд. Шавкат Саидов афзуд, ки бо мақсади хотирмон гузаронидани рӯзи пойтахт дар асоси нақша-чорабиниҳои таҳрезӣ намудани раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Боғҳои фарҳангу фароғатии устод Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли комсомол» ва майдони «800-солагии Москва» сайру гашти идонаи шаҳрвандон аз соати 13 то 17 ташкил карда мешавад. Баъд аз зуҳр дар «Маркази равобити пойтахт» бо иштироки раиси шаҳр дар робита ба ҷашн ҷамъомади тантанавӣ баргузор мегардад. Дар он як қатор озмунҳои шаҳрӣ ва марафони дав ҷамъбаст гардида, ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо супорида мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






