ДАР РОБИТАҲОИ ПАРЛУМОНҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ САҲИФАИ НАВ БОЗ МЕГАРДАД

Апрель 2, 2009 11:22

                Душанбе, 2 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тавсеаи ҳамкории парлумонҳои Тоҷикистон ва Русия яке аз масъалаҳои муҳими мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, Раиси Шӯрои кории Созмони Ҳамкории Шанхай Дмитрий Месенсев буд, ки дар Душанбе баргузор шуд.                  Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи ҳайати парлумонии Русияро ба Тоҷикистон нишонаи рушди ҳамкорию ҳамгироии байнипарлумонӣ арзёбӣ кард.                  Мусоҳибон масъалаи тақвияти робитаҳои байнипарлумониро дар сатҳи институтҳои амалкунандаи парламентӣ ва вохӯрии навбатии сарони парламентҳои кишварҳои аъзои СҲШ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид шуд, ки робитаҳои анъанавию муносибатҳои ҳасанаи дар сатҳи роҳбарияти олии кишварҳо имкон хоҳанд дод, ки тавассути нақши парлумонҳо ва институтҳои фаъоли онҳо дар доираи созмонҳои мухталифи минтақавию байнипарлумонӣ татбиқи барномаҳои мутақобилан судманд амалӣ гарданд. Мусоҳибон ҳамзамон дигар масъалаҳои таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

Апрель 2, 2009 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид