ДАР СУҒД 39 КОРХОНАИ САНОАТӣ ФАЪОЛИЯТ НАКАРД
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд аз 232 корхонаи саноатӣ 142 ададаш вусъати афзоишро таъмин карда натавонистанд. 51 корхона нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намуда, 39 корхона бошад умуман фаъолият накардаанд. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин нуқтаро Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов зимни ҷамъбасти сафари кориаш дар вилояти Суғд 6 апрел изҳор намуд. Гузашта аз ин, истеҳсоли автобус, таҷҳизоти қисмҳои эҳтиётӣ барои мошинҳои хоҷагиҳои қишлоқ, оҳаксанги сохтмонӣ, велосипед, термос, аробачаи маъюбон, риштаи пашмин ва ғайра, умуман истеҳсол нагардидаанд. Бино ба иттилои муовини аввали раиси вилояти Суғд Шакарбек Самадов дар моҳҳои январ-марти соли равон истеҳсоли 31 номгўи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла истихроҷи ангиштсанг, нафт, хишт ва масолеҳи ғайри маъдании сохтмонӣ, зарфҳои сирдор, маҳсулоти ширӣ, орд ва ғайра афзудааст. «Бо вуҷуди ин, чунонки таҳлилҳо нишон доданд, ноҳияҳои Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда вусъати афзоишро таъмин карда натавонистанд», — тазаккур дод муовини аввали раиси вилоят. Ӯ афзуд, ки дар ин давра музди маоши кормандони соҳаи саноат тадриҷан баланд гардида, аз рўи ҳисоботи кумитаи омори вилоят агар дар ҳамин давраи соли 2008 музди миёнаи кормандони соҳаи саноат 235 сомониро ташкил медод, ин нишондиҳанда дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ ба 330 сомонӣ баробар гардид.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






