ДАР СУҒД АЗ ҚУРБОНИЁНИ САДАМАИ ЧЕРНОБИЛ ЁД МЕКУНАНД
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар қаламрави вилояти Суғд даҳаи сеюми моҳи апрел Рўзи ёдбуди иштирокчиён ва бартарафкунандагони садамаи истгои барқии атомии Чернобил доир хоҳад шуд. Бо ин мақсад раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода қарори махсусро ба тасвиб расонид. Роҳбари маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят Илҳом Ҷамолов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳадафи аслии қарори мазкур қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиён ва посдории хотираи қурбониёни бартарафкунии садамаи Чернобил мебошад. Мувофиқи қарори мазкур барои баргузории чорабиниҳои Рўзи ёдбуди иштирокчиён ва бартарафкунандагони садамаи истгоҳи барқии атомии Чернобил аз ҳисоби фонди захиравии раиси вилояти Суғд 7 ҳазору 350 сомонӣ ҷудо шудааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






