ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАМЪИЯТИ ҚАННОДОН ТАШКИЛ МЕЁБАД

Апрель 28, 2009 08:19

                Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова).- 24 апрел дар Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳлили вазъияти соҳаи қаннодӣ: проблемаю вазифаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо» бургузор гардид.  Ташкилкунандаи он ширкати сармоягузории «Сомон Капитал» буд. Дар машварат намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои машваратии беҳтар сохтани фазои сармоягузории назди Президенти ҶТ, Агентии «Тоҷикстандарт», КВД «Хӯрокворӣ» ва намояндагони соҳаи қаннодӣ иштирок карданд.                Иштирокчиён вазъияти соҳаи қаннодӣ ва имкониятҳои онҳоро муҳокима карданд. Мақсади гузаронидани мизи мудаввар муҳокимаи шароит барои истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти қаннодӣ мебошад. Чи тавре, ки маълум шуд, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ҳар сол 0,75% зиёд мешавад.                 Талаботи бозори дохилии мамлакат ба маҳсулоти қаннодӣ дар як сол 45 ҳазор тонна мебошад. «Ҷамъомади мазкур иқдоми саривақтӣ мебошад, зеро корхонаҳои қаннодии ватанӣ бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва бисёр вақт ба маблағи зарурӣ эҳтиёҷ доранд. «Сомон Капитал» метавонад бо корхонаҳои қаннодӣ ҳамкорӣ карда, ин проблемаҳоро ҳал кунад»,- гуфт муовини раиси КВД «Хӯрокворӣ» А. Маҷидов. Иштирокчиёни машварат пешниҳоди ташкили ҷамъиятро тарафдорӣ карданд.                                                                  Тарҷумаи Зебо Иноятова 

Апрель 28, 2009 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид