ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАМЪИЯТИ ЗАРАРДИДАГОН АЗ МИНАҲО ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД

Апрель 15, 2009 16:08

                 Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Хизматчии ҳарбии собиқи Вазорати мудофиаи чумҳурӣ Ҷаъфар Нозимов қарор додааст, ки созмони ғайриҳукуматии «Ҷамъияти зарардидагони минаҳо» — ро ташкил намояд. Худи Ҷ.Нозимов маъюби гурӯҳи дуюм буда, зимни адои хизмати ҳарбӣ дар вақти безарар гардондани мина маҷрӯҳ шудааст. Ҳадафи ташкили ҷамъияти нав мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандоне мебошад, ки аз таркиши мина маҷрӯҳ шудаанд.                  Ҷ.Нозимов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки баъди соли 1992 дар минтақаи сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон дар натиҷаи таркиши минаҳо 239 нафар ҳалок ва 231 нафар маҷрӯҳ шудааст. Дар байни онҳо хизматчиёни ҳарбӣ, безараркунандагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ хеле зиёданд. Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 октябри соли 1999 ба барномаи манъи истифода, истеҳсол ва ҳамлу нақли минаҳои зиддипиёдагардон ва нобуд сохтани онҳо ҳамроҳ шуд.                  Мувофиқи барномаи мазкур, Тоҷикистон бояд дар қаламрави худ тамоми минаҳои хобонидашударо дераш то 1 апрели соли 2010 безарар гардонад.                  Соли 2004 дар Найроби конфронси нахустини давлатҳои иштирокдори барномаи манъи истифодаи минаҳо баргузор гардид. Дар он Тоҷикистон аз ҷумлаи 24 мамлакати иштирокдори барнома ном бурда шуд, ки дар онҳо теъдоди зиёди одамон бар асари таркиши минаҳо ҳалоку маҷрӯҳ гардидаанд. Тибқи қарори конфронси мазкур Тоҷикистон дар бобати безарар гардондани минаҳо ва таъмини эҳтиёҷоти зарардидагони минаҳо ба кӯмаки калон эҳтиёҷ дорад.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Маркази безарар гардондани минаҳои Тоҷикистон ташкили ҷамъияти мазкурро дастгирӣ намуд.                                                                      Тарҷумон — Қудратов А. 

Апрель 15, 2009 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид