ДАР ТОҶИКИСТОН 56 ЛОИҲА ТАТБИҚ МЕШАВАД

Апрель 27, 2009 14:35

                Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Сабади лоиҳаҳои инвеститсионии амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1 апрели соли ҷорӣ 56 лоиҳаро ба маблағи умумии 6,4 миллиард сомонӣ ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор маблағҳои қарзӣ 74 фоиз, маблағҳои грантӣ 15 фоиз ва маблағҳои буҷавӣ 11 фоизро ташкил медиҳанд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 27 апрел, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев.                  Ӯ афзуд, ки дар давоми семоҳаи аввали соли равон азхудкунии маблағҳо 298 миллион сомониро ташкил дода, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат ҷараён меёбанд.                  Мавриди зикр аст, ки ба ҳолати имрӯза ҷалби умумии сармояи мустақими хориҷӣ ба 3 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз зиёд мебошад.                  Дар фарҷом Ф. Ҳамралиев ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дода, зикр намуд, ки бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷи ба иқтисоди мамлакат диски инвеститсиони Тоҷикистон аз сари нав таҳлил гардида, 15 лоиҳаи инвеститсионии нав ба он ворид карда шуд, ки ин бевосита ба ҷалби сармояи мустақим мусоидат мекунад.

Апрель 27, 2009 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид