ДАР ТОҶИКИСТОН ДОРОИҲОИ НИЗОМИ БОНКӢ МЕАФЗОЯНД
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи маълумотҳои фаврӣ дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ дар давоми семоҳаи аввали соли равон ба 6 303,0 миллион сомонӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 фоиз зиёд мебошад. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дороиҳои бонкҳо ва ҷамъиятҳои қарзӣ 3 920 миллион сомонӣ, ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ 2 039 миллион сомонӣ ва дороиҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд 344 миллион сомониро ташкил дод. Мавриди зикр аст, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ 121 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 12 бонк, 7 ҷамъияти қарзӣ, як ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ ва 101 ташкилоти маблағгузории хурд фаъолият мекунанд. Шумораи бонкҳо, ҷамъиятҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ тағйир наёфта, теъдоди ташкилотҳои маблағгузории хурд 8 адад зиёд гардидааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






