ДАР ТОҶИКИСТОН ВЕБ-САЙТИ МАХСУСИ ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ ТАШКИЛ МЕШАВАД

Апрель 8, 2009 13:50

                 Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Бо мақсади ба даст овардани маълумоти пурра ва саҳеҳ оид ба талабот ба қувваҳои корӣ ва баланд гардонидани масъулияти корфармоён ҷиҳати саривақт пешниҳод намудани он ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ Қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.                Дар ин қарор омадааст, ки қоидаҳои замимагардидаи аз ҷониби корфармоён пешниҳод намудани маълумот дар бораи мавҷуд будани ҷойҳои кори холӣ ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ тасдиқ карда шавад.                Роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон иҷрои муқаррароти дар Қоидаҳои мазкур пешбинишударо таъмин намоянд. Тибқи қарори мазкур Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шудааст, ки махзани маълумот ва веб-сайти ҷойҳои кори холиро ташкил намуда, назорати иҷрои ин қарорро таъмин намояд.  

Апрель 8, 2009 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд