ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД МУАССИСАҲОИ НАВИ ИҶТИМОӢ СОХТА МЕШАВАНД
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Бо қарори Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода барои сохтмон ва тармиму таҷдиди силсилаи муассисаҳои иҷтимоӣ дар ноҳияи Ашт ва шаҳри Табошар 245 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз ин маблағ сад ҳазор сомонӣ барои сохтмони бинои нави мактаби миёнаи рақами 20 — и ноҳияи Ашт сарф карда мешавад. Мактаби мазкур 40 сол пеш сохта шуда буд ва айни ҳол кӯҳнаю фарсуда гардидааст. Бинои нави мактаб соли оянда ба истифода дода мешавад. Аз маблағи ҷудогардида, 145 ҳазор сомонӣ барои тармими ду мактаб ва Қасри фарҳанги шаҳри Табошар сарф карда хоҳад шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






