ДАР ЯРМАРКАИ НАВБАТӢ ЗИЁДА АЗ 100 НАФАР СОҲИБИ КОР ГАРДИДАНД

Апрель 6, 2009 15:50

             Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ярмаркаи навбатии ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид. Дар он аз тарафи 35 корхонаву муассисаҳои давлатию хусусӣ 3534 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод карда шуданд. Дар ярмарка 2140 нафар корҷӯён иштирок намуда, 123 нафар соҳиби кор гаштанд. 18 нафар хоҳишмандон ба омӯзиш фиристонида шуданд.            Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе М. Ҷабборов хабар дод, аз аввали сол дар 9 ярмаркаи доиршуда, зиёда аз 800 нафар бо кор таъмин карда шуданд.              Ярмаркаи навбатӣ 10 апрел дар бинои Филармонияи давлатӣ баргузор мегардад.  

Апрель 6, 2009 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид