ДАРЁ НИШОНАҲОИ ҶИНОЯТРО РӮПӮШ НАМЕКУНАД
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 10 апрел ҷасади сокини 28 — солаи шаҳри Душанбе, духтари овозхони маъруф Хуршед Алидодов, корманди ширкати «Вавилон — Мобайл» Насиба Алидодова аз дарёи Душанбе дар рӯ ба рӯи кӯчаи Карамов дар наздикии кӯпрук ёфт шуд. Дар ҷасад нишонаҳои марги маҷбурӣ мушоҳида карда мешаванд. Дастон ва даҳони ҷасад бо қоғази махсуси сирешдор (скотч) часпонда шуда буданд. Ҳамон рӯз дар шафати кӯчаи Шерозӣ дар қисмати ҷануби кӯпруки дарёи Душанбе ҷасади сокини 47 — солаи пойтахт Раҳмон Аҳмадов ёфт шуд, ки дар он нишонаҳои марги маҷбурӣ ба назар мерасид. Даҳон ва дастони ӯ бо қоғази махсуси сирешдор часпонда ва пойҳояш бо ресмон баста шуда буданд. Аз дафтари матбуоти ВКД ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки роҳбарияти вазорати корҳои дохилӣ маҳалли ин воқеаҳоро аз назар гузаронд. Барои тафтиши онҳо гурӯҳҳои махсус ташкил карда шуданд. Дар ин бобат парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши онҳо давом дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






