ДАСТГОҲИ НАВИ ТОМОГРАФӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

Апрель 1, 2009 10:29

                     Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Маркази табобату маслиҳатӣ ва ташхисии вилояти Суғд аввалин дастгоҳи томографи компютерии муосир ба истифода дода шуд.              Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маросими баистифодадиҳии дастгоҳи мазкур раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок намуда, тазаккур дод, ки ба истифода додани таҷҳизоти томографӣ баҳри рушди соҳаи тандурустӣ дар вилоят ва ҳам беҳтар кардани сатҳ ва сифати табобат мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, масъулини соҳаро зарур аст, ки вобаста ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ хизмати ройгон ва имтиёзнокии ин таҷҳизотро барои ниёзмандаон ба роҳ монанд.               Мавриди ёдоварист, ки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳои кории худ ба вилояти Суғд моҳи ноябри соли 2007 дар маросими ба истифода додани бинои табобатии маркази дилшиносии вилоят барои дастрас намудани чунин таҷҳизот дастур дода, баҳри харидории он аз фонди захиравии худ 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда буд.               Дастгоҳи тамографи компютерии тамғаи «Bright Speed-4» истеҳсоли Амрико буда, ба маблағи 1 миллиону 670 ҳазор сомонӣ харидорӣ шудааст.               Дар баробари ин, дар маркази мазкур ҳамчунин дастгоҳи рентгении момограф «MXR200» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин дастгоҳ барои аксбардории рентгении ғадуди сина пешбенӣ шудааст.

Апрель 1, 2009 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид