ДАСТОВАРДҲОИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР НАЗАРРАСАНД

Апрель 14, 2009 15:18

                  Душанбе, 14 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аксари ҳадафҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 зикр гардида буданд, марҳила ба марҳила амалӣ мешаванд. Гарчанде, ки ин мақсадҳо барои солҳои тӯлонӣ пешбинӣ шудааст. Хусусан, рушди иқтисодиёти миллӣ, ҷалби инвеститсияи хориҷӣ ба кишвар, дастгирии соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ, бунёди иншооти бузурги стратегӣ -нерӯгоҳҳои барқи обӣ, роҳу пулҳо, нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва дигар инфраструктураи ҳаётан муҳим аз ҳамин қабил аст.                  Бояд тазаккур дод, ки дар муддати як сол новобаста ба баъзе мушкилот ва таъсиру шиддатнокии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ мушарраф гардид, ки он инъикосгари рушди иқтисодиёт ва ободонию созандагӣ дар саросари мамлакат мебошад.                 Мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор додани чандин корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузурги инвеститсионӣ, мавриди истифода қарор додани хати интиқоли баландшиддати 220 киловолтаи «Лолазор- Хатлон», то охири соли 2009 анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти хати баландшиддати нерӯи барқи 500 киловолтаи «Ҷануб -Шимол», вақтҳои наздик ба истифода додани иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар ҷумҳурӣ — НБО «Сангтӯда-1», суръатёбии корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» ва «Сангтӯда-2» мисоли барҷастаи бунёдкорӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар кишвар аст. Инчунин, вусъатёбии ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ», Душанбе -Рашт-Ҷиргатол- Саритош», дар нақбҳои «Шаршар», «Шаҳристон» ва оғози корҳои сохтмонии роҳи оҳани «Душанбе -Қӯрғонтеппа» мисоли барҷастаи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионист.

Апрель 14, 2009 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар