ДДТТ ДАР САМТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ХУБ БА ДАСТ ОВАРД

Апрель 27, 2009 14:45

                    Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар се моҳи аввали соли равон дар сохтори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино як қатор дигаргуниҳо рух доданд. Аз ҷумла, марказҳои ягонаи тестӣ, тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавӣ, технологияи иттилоотӣ ва компютерӣ, ташхисию табобатӣ таъсис дода шуда, ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар ин бора ректори ДДТТ Убайдулло Қурбонов зимни нишасти матбуотие, ки имрӯз дар толори донишгоҳ доир гардид, хабар дод. Ӯ зикр намуд, ки дар ин давра донишгоҳ дар самти таълиму тарбия низ нишондиҳандаҳои хуб ба даст овард. Аз таҳлили сессияи зимистонаи соли хониши 2008-2009 бармеояд, ки 1401 нафар ё 34, 3% донишҷӯён сессияро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст карданд. Нишондиҳандаи дарсазхудкунии донишҷӯён назар ба сессияи зимистонаи соли гузашта 5,7% беҳтар гаштааст.                  У. Қурбонов дар баромади худ афзуд, ки яке аз самтҳои фаъолияти донишгоҳ ин мукаммалгардонии потенсиали кадрӣ ба шумор меравад. Айни ҳол дар донишгоҳ 4 факультет, 63 кафедра фаъолият намуда, 680 омӯзгор дарс мегӯянд. Теъдоди умумии донишҷӯён 5598 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 459 нафарашон донишҷӯёни хориҷӣ мебошанд.Аз ин миқдор 3345 нафар тариқи буҷавӣ, 1812 нафар тариқи шартномавӣ ва 441 нафар тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд.

Апрель 27, 2009 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид