ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА АЛМААТО РАФТ

Апрель 28, 2009 10:22

                  Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои таъсисдиҳандаи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ба шаҳри Алмаато рафт. Мулоқоти сарони давлатҳо дар ин ҷо ҳамин рӯз кушода мешавад. Дар ин сафар Сарвари давлатро мушовири давлатии Президент дар масъалаҳои сиёсати берунӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, вазири мелиоратсия ва хоҷагии об Саид Ёқубзод, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хурсандмурод Зокиров ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ташкил карда буданд.                  Президенти ҷумиҳуриро дар майдони ҳавоии пойтахт раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии мамлакат Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагон Сайдулло Хайруллоев, Сарвазир Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Амиршо Миралиев ва шахсони дигари расмӣ гусел карданд.

Апрель 28, 2009 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар