ЭРОН БА СААД МАРОҚ ЗОҲИР МЕНАМОЯД

Апрель 6, 2009 10:58

                 Маскав, 6 апрел. (АМИТ «Ховар» — Ҳалима Хушқадамова). — Дар котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ изҳороти сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия Маҳмуд Ризо Саҷҷодиро дар бораи мароқи маъмурияти ин мамлакат ба фаъолияти СААД ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳамкорӣ бо ин созмон шарҳ дода, гуфтанд, ки Эрон ҳақиқатан вақтҳои охир ба фаъолияти СААД ва заминаи меъёрию ҳуқуқии фаъолияти он мароқи калон зоҳир менамояд. Муншии умумии СААД дар давоми якуним соли охир бо намояндагони расмии Эрон, аз ҷумла, сафири он дар Русия борҳо мулоқот кард. Эрон дар баъзе тадбирҳои СААД фаъолона иштирок менамояд. Иштироки ин мамлакат дар амалиёти байналхалқии зидди маводи нашъадор назаррас мебошад, гуфтанд дар котиботи созмон.

Апрель 6, 2009 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад