ФАЪОЛИЯТИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛ

Апрель 16, 2009 15:44

                Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- « Дар семоҳи соли ҷорӣ Суди Олии ҷумҳурӣ ягон парвандаи ҷиноӣ оид ба хариду фурӯши одамон мавриди баррасӣ қарор надодааст»,- қайд кард раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев дар нишасти матбуотие, ки 16 апрел дар Душанбе шуда гузашт.                Инчунин қайд карда шуд, ки дар семоҳаи мазкур дар коллегияҳои Суди Олӣ 82 парвандаҳои ҷиноӣ нисбат ба 102 ашхос ба тариқи кассатсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз онҳо 58 қарорҳои судӣ нисбати 68 ашхос бетағйир мононда шуда, 8 ҳукм нисбати 11 нафар тағйир, 16 қарорҳои судӣ нисбати 23 ашхос бекор карда шуданд.Дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ бошад, ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ 107 парвандаҳои гражданӣ баррасӣ гардиданд, ки нисбати соли 2008- 26 парванда зиёд мебошад.                Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ, дар марҳилаҳои гуногуни судӣ дар маҷмӯъ 207 парвандаҳои гражданию ҷиноӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба ҳар кадоме аз онҳо қарорҳои дахлдори қонунӣ ва асоснок қабул гардиданд.

Апрель 16, 2009 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид