ФАЪОЛИЯТИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛ

Апрель 16, 2009 15:43

                  Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- « Дар семоҳи соли ҷорӣ Суди Олии ҷумҳурӣ ягон парвандаи ҷиноӣ оид ба хариду фурӯши одамон мавриди баррасӣ қарор надодааст»,- қайд кард раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев дар нишасти матбуотие, ки 16 апрел дар Душанбе шуда гузашт.                  Инчунин қайд карда шуд, ки дар семоҳаи мазкур дар коллегияҳои Суди Олӣ 82 парвандаҳои ҷиноӣ нисбат ба 102 ашхос ба тариқи кассатсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз онҳо 58 қарорҳои судӣ нисбати 68 ашхос бетағйир мононда шуда, 8 ҳукм нисбати 11 нафар тағйир, 16 қарорҳои судӣ нисбати 23 ашхос бекор карда шуданд.                 Дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ бошад, ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ 107 парвандаҳои гражданӣ баррасӣ гардиданд, ки нисбати соли 2008- 26 парванда зиёд мебошад.                 Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ, дар марҳилаҳои гуногуни судӣ дар маҷмӯъ 207 парвандаҳои гражданию ҷиноӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба ҳар кадоме аз онҳо қарорҳои дахлдори қонунӣ ва асоснок қабул гардиданд.

Апрель 16, 2009 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид