ФАЪОЛИЯТИ КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МОЛИЯВӢ ДАР ҶТ БА ОХИР РАСИД

Апрель 29, 2009 16:06

              Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон дар бобати вусъат додани усули истифодаи лизинг (қарз ё иҷораи дарозмуддат) 30 апрел ба анҷом мерасонад. Фаъолияти корпоратсияи мазкурро минбаъд Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассосиатсияи муассисаҳои маблағгузории хурди мамлакат давом медиҳанд.             Корпоратсия ҳафтаи гузашта натиҷаҳои фаъолияти сесолаи худро дар Тоҷикистон ҷамъбаст намуд. Вай бо кӯмаки Ҳукумати Швейтсария ба муассисаҳои молиявии маҳаллӣ, ки дар барномаҳои истифодаи лизинг ширкат доштанд, ба маблағи 32,4 миллион доллари ИМА кӯмак расонда, барои ҷалби 7 миллион доллари ИМА маблағи иловагӣ мусоидат намуд. Корпоратсия дар давоми солҳои 2005 — 2008 ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 22,8 миллион доллари ИМА — ро ҷалб намуд.            Мухбири АМИТ «Ховар» зикр мекунад, ки лизинг манбаи муҳими таъминоти молиявии тиҷорат буда, дар пешрафти фаъолияти корхонаю муассисаҳои маҳаллӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави кор нақши муҳим мебозад.

Апрель 29, 2009 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд